Ноябр 14, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Донишгоҳи улӯмпизишкии Эрон аз идомаи таҳсили донишҷӯёни афғонистонӣ

Муовини байналмилали Донишгоҳи улӯмпизишкии Эрон, эълом кард, ин донишгоҳ аз идомаи таҳсили донишҷӯёни афғонистонӣ ҳимоят мекунад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати беҳдошт,  Меҳдии Муқтадоӣ, муовини байналмилали Донишгоҳи улӯмпизишкии Эрон, ки мизбони намояндагони расмии Сандӯқи ҷамъияти Созмони Милали Муттаҳид буд, дар хусӯси фаъолияту зарфиятҳои мавҷӯди донишгоҳ барои кумак ба донишҷӯёни афғонистонӣ ва фароҳам кардани фурсати идомаи таҳсил дар ин донишгоҳи табодули назар кард.

Дар идомаи ин нишаст доктор Аскари Оқоӣ, мудири рутбабандӣ ва эътиборбахшии Донишгоҳи улӯмпизишкии Эрон, низ ба ҷойгоҳи байналмилалӣ ва рутбаи шоёни Донишгоҳи улӯмпизишкӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва бавижа дар Ховари Миёна ишора кард.

Оқоӣ дар хусӯси аҳаммияти тарҳҳои муштараки байналмилалӣ дар иртиқои сатҳи омӯзиш ва беҳдошти донишгоҳҳо ва ҳамчунин дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор таъкид кард.

Дар идомаи ин ҷаласа дар бораи имкони баҳрамандӣ аз зарфиятҳои мавҷӯди донишгоҳ аз тариқи ҳамкорӣ бо соири кишварҳо барои ҳимоят аз фурсатҳои муштараки омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ гуфтугӯ шуд.

 

Барчасп