Шаби шеъру мусиқии форсизабонон дар Маскав
Шаби шеъру мусиқии форсизабонон бо ҳузури алоқамандон ба шеъру ҳунари форсӣ аз се кишвари Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар Маскав баргузор мешавад.
Ба гузориши ИРНА, ин барнома ба унвони аввалин шаби шеъри муштараки кишварҳои форсизабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон фардо дар хонаи фарҳангии Гайдароветси пойтахти Русия баргузор хоҳад шуд.
Ҳамидризо Доду, муҷрӣ ва барномарези ин шаби шеър гуфт, алоқамандони эронӣ, рус, тоҷик ва афғонистонӣ ва ҳамчунин ройзанҳои фарҳангии се кишвари форсизабон дар шаби шеъри байналмилалии форсизабонон ҳузур меёбанд.
Вай гуфт, бо тавваҷуҳ ба иштирокҳои фарҳангӣ ва навоҳову мусиқӣ дар ҳар се кишвар, сурудаҳое аз шоирони эронӣ, тоҷик ва афғон ба забонҳои форсиву русӣ аз сӯйи донишҷӯёну алоқамандон хонда мешавад ва навозандагони суннатии ин кишварҳо низ қатаоте аз мусиқии бумии худро иҷро хоҳанд кард.
Бо тавваҷуҳ ба густариши омӯзиши забони форсӣ дар Русия ва афзоиши рӯзафзуни алоқамандон ба он, ҳар сол барномаҳои мухталифе, аз ҷумлаи шеърхонӣ, намоишгоҳҳои фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва намоиши осори синамои эронӣ дар шаҳрҳои мухталифи Русия, ба вижа Маскаву Санкт-Петербург иҷро мешавад.