Ноябр 18, 2021 10:31 Asia/Dushanbe
  • Содироти 22 ҳазор тон коло аз Хуросони Разавӣ ба Тоҷикистон

22 ҳазор тон коло дар 7моҳи имсол аз Хуросони Разавӣ ба Тоҷикистон содир шуда аст.

Сарпарасти Созмони санъат, маъдан ва тиҷорати Хуросони Разавӣ гуфт, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ мизони содироти коло аз Хуросони Разавӣ ба кишвари Тоҷикистон, ҳудуди 22 ҳазор тон ба арзиши тақрибии 12 миллион доллар будааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл аз назари вазнӣ 484 дарсад ва аз назари арзишӣ 524 дарсад рушд доштааст.

Ҷаводи Хазоӣ афзуд, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ мизони содироти коло аз Хуросони Разавӣ ба кишвари Тоҷикистон,  22ҳазор тон ба арзиши тақрибии 12 миллион доллар будааст.Ӯ идома дод, бо таваҷҷӯҳ ба ҳамоҳангиҳои Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон нишасти санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон бо ҳузури ҳайати тоҷикӣ 3 то 4 озари соли ҷорӣ дар Машҳад баргузор мешавад. Хазоӣ тасреҳ кард, тадвини барномаи амалиётӣ ва нақшаи роҳ ҷиҳати ҳусӯли мусавваботи чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон, баррасии масоилу мушкилоти содиркунандагони фаъоли устон, арзёбии таҳаққуқи аҳдофи тиҷорати хориҷии устон бо кишвари Тоҷикистон, баргузории вебинори тахассусии тиҷорат бо кишвари Тоҷикистону баргузории намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе аз аҳдофи баргузории ин нишасти муштарак аст.

Барчасп