Ноябр 18, 2021 10:54 Asia/Dushanbe
  • Истиқомати миллати Афғонистон омили шикасти Амрико

Намояндаи раиси Ҷумҳури Исломии Эрон дар умури Афғонистон гуфт: Амрико дар 20 соли гузашта Афғонистонро вайрон кард ва истиқомат ва пойдории миллати ин кишвар, омили аслии шикасти Амрико ва хуруҷаш аз Афғонистон буд.

Ҳасани Козимии Қумӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизонии Ал Олам бо баёни ин ки Эрон ҳамчунон ба ҳимоят аз миллати Афғонистон идома медиҳад такид кард: Эрон дар гузашта ва ҳол аз миллати Афғонистон ҳимояту пуштибони карда ва хоҳад кард. Эрон хоҳони ташкили давлати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури ҳамаи тарафҳо ва ҳамаи ақшори мардуми ин кишвар аст.

Вай афзуд: Амирко дар тули 20 соли гузашта бо ишғоли Афғонистон ин кишваро нобуд кард, хуруҷи Амрико аз Афғонистон бо вуруди гуруҳи терористии ДИИШ ба ин кишвар бо ҳадафи бесубот кардани он ҳамзамон шуд. Истиқомат ва пойдории мардуми Афғонистон омили шикасти фазиҳатбори неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон ва хуруҷи онҳо аз ин кишвар буд.

Козимии Қумӣ идома дод, Эрон аз ҳаргуна ҳамкори барои ҳалли мушкилоти миллати Афғонистон, ки дар бозгашти субот ба ин кишвар нақш дошта бошад, истиқбол мекунад. Ҳакмории тиҷорӣ ва иқтисодӣ Эрон ва Афғонистон ба нафъи миллатҳои ду кишвар аст.

Барчасп