Ҳафтаи синамои Эрон дар Қирғизистон оғоз шуд
(last modified Sat, 12 Nov 2016 04:35:49 GMT )
Ноябр 12, 2016 09:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтаи синамои Эрон дар Қирғизистон оғоз шуд

Ҳафтаи синамои Эрон дар Қирғизистон рӯзи ҷумъа бо ҳузури намояндагони ҳавзаҳои ҳунарӣ, фаъолони иҷтимоии қирғиз ва мақомоти сафорати Эрон дар Бишкек оғоз гашт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҳафтаи синамои Эрон ба муддати чаҳор рӯз, то 15 ноябр дар Бишкек идома ва дар ин муддат теъдоде аз филмҳои эронӣ дар синамоҳои бузурги ин шаҳр ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Дар ибтидои ин ҷашнвора яке аз филмсозони маъруфи Қирғизистон бо ишора ба аҳамият ва таъсири санъати филми эронӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ гуфт, истифода накардан аз саҳнаҳои хушунатомезу ғайриахлоқӣ аз хусусиёти муҳим ва сутудании осори эронӣ дар синамои ҷаҳон аст.

Алӣ Муҷтабои Рӯзбаҳонӣ, сафири Эрон дар Бишкек низ гуфт, дар 10 соли ахир филмҳои эронӣ тавонистаанд дар ҷашнвораву мусобиқоти байналмилалии мухталиф беш аз 2 ҳазор ҷоиза касб кунанд.

Дар рӯзи аввали чорабинӣ филми синамоии эронии «Хаста набошед» бо тарҷумаи русӣ барои ҳозирон намоиш дода шуд, ки ба истиқболи хуби тамошобинон рӯ ба рӯ шуд.