Ноябр 20, 2021 14:34 Asia/Dushanbe
  • Манъи як киштии хориҷӣ дар обҳои ҷануби Эрон

Туфангдорони дарёии новтипи Порсиёни ҷануби Эрон як киштии хориҷӣ ҳомили сухти қочоқро дар обҳои ин шаҳристон манъ карданд.

Генерал Аҳмади Ҳоҷиён, фармондеҳи новтипи 412 Зулфиқори шаҳристони Посриён гуфт: бо расади итилоъотӣ ва дар амалиёте мунсаҷим, туфангдорони дарёии ин новтип мувафақ ба манъи як  киштии хориҷӣ бо 11 хадама дар обҳои соҳили Эрон шуданд.

Ба гуфтаи генерал Ҳоҷиён пас аз бозрасӣ аз шиновари тавқиф шуда беш аз 150 ҳазор литр саляркаи қочоқи кашф шуд ва ҳар 11 хадамаи хориҷии он барои гузарондани мароҳили қонунӣ ба ҳавзаи қазоии шаҳристони Порсиён муъарифӣ шуданд.

Фармондеҳи новтипи 412 Зулфиқори шаҳристони Порсиён афзуд, Новтипи 412 Зулфиқор дар ҳимоят аз равнақи иқтисодӣ бо ҳаргуна қочоқи сухт дар дарё ба сурати қотеъона бархурд хоҳад кард.

 

Бештар бихонед:

Ташреҳи ҷузъиёти бархӯрди Нерӯи дарёии сипоҳ бо новҳои амрикоӣ

Барчасп