Ноябр 22, 2021 13:47 Asia/Dushanbe
  • Артиши Эрон : Басиҷ, бозуи тавонманд дар дифоъ аз арзишҳои Ислом аст

Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард : Басиҷ, бозуи тавонманд барои вилояти фақеҳ ва низоми муқаддас дар дифо аз арзишҳои Ислом аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз душанбе ба муносибат фаро расидани ҳафтаи Басиҷ бо судӯри баёнияе тасреҳ кард : Рӯзи Басиҷ,маншаи шаклгирӣ,тарвиҷу таъмиқи фарҳанги басиҷӣ ва ёдовари муҷоҳидату исори занону мардоне аст, ки барои посдошти арзишҳои Ислому дифоъ аз Эрони исломӣ дар арсаҳои мухталифи дифоӣ, фарҳангӣ, эътиқодӣ, созандагӣ ва дигари арсаҳо бо тамоми вуҷуд вориди майдони мубориза ва ҷиҳод шуданд ва фарҳанги нобу мондагор аз ихлосу фидокориро ба тасвир кашиданд .
Ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрони 26 ноябри 1979 ( панҷуми озари 1358 ) фармони ташкили Созмони басиҷи мустазъафонро содир карданд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп