Ноябр 22, 2021 18:02 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷа гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон бо иродаи ҷиддӣ барои рафъи таҳримҳо ва бо як тими комил озими Вена мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Саиди Хатибзода дар идомаи нишасти хабарӣ дар бораи баҳсҳои матраҳшуда дар расонаҳо дар бора тавофуқи муваққати байни Эрон ва 4 + 1 гуфт : Дар бораи изҳороти норушани гумоназании расонаҳо мавзеъ намегирам . Вай бо баёни инки бо як тими комил озими Вена мешавем изҳор дошт : Эрон бо иродаи ҷиддӣ барои рафъи таҳримҳое, ки зидди мардуми Эрон эҷод шуда ва бо як тими комил бар асоси ҳамин ҳадаф, озими Вена хоҳад шуд.

 

Барчасп