Ноябр 23, 2021 11:12 Asia/Dushanbe
  • Эрон ноибқаҳрамони мусобиқоти куштии озоди низомиёни ҷаҳон шуд

Тими куштии озоди Эрон бо касби 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба унвони ноибқаҳрамони мусобиқоти низомиёни ҷаҳонӣ (CISM) даст ёфт.

Сивупанҷумин давраи рақобатҳои куштии озоди низомиёни ҷаҳон (CISM) рӯзҳои 21 ва 22 ноябр бо ҳузури 14 тим дар варзишгоҳи 12 ҳазорнафарии Озодии Теҳрон баргузор шуд ва дар поён намояндагони Эрон бо касби 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ бо касби 210 имтиёз ба унвони ноибқаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Тими Русия бо 215 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

 

 

 

Барчасп