Ҳимояти Эрон барои ташкили созукори 3 + 3 дар Қафқоз
(last modified Tue, 23 Nov 2021 10:39:18 GMT )
Ноябр 23, 2021 15:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон барои ташкили созукори 3 + 3 дар Қафқоз

Сафири Эрон дар Анкара гуфт, ки Теҳрон аз пешниҳоди Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия барои ташкили созукори минтақаии 3 + 3 дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ ҳимоят мекунад.

Муҳаммади Фарозманд, сафири Эрон дар Анкара дар ёддоште навишт, ки Эрон аз пешниҳоди Эрдуғон дар ноябри 2020 дар заминаи ташкили созукори ҳамкории минтақаӣ дар Қафқози Ҷанубӣ бо мушорикати кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон ба унвони се кишвари ин минтақа ва ҳамчунин бо ҳузури Туркия, Эрон ва Русия дар қолаби 3 + 3 ҳимоят мекунад.

Фарозманд дар ин ёддошт ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии исломии Эрон бо иштиёқ аз ин идея истиқбол кард ва нахустин ҳаракати дипломатӣ дар ҷиҳати таҳаққуқ бахшидан ба ин идеяро низ дар сатҳи вазири умури хориҷа анҷом дод ва дар феврали 2021 вазири умури хориҷаи собиқи Ҷумҳурии исломии Эрон дар сафари давраӣ ба Боку, Ереван, Маскав, Тифлис ва Анкара бар аҳамияти шаклгирии ҳарчӣ зудтари ин ибтикор таъкид кард. Ба ҷуз як кишвар, соири кишварҳо ба таври усулӣ бо ин ибтикор эъломи мувофиқат карданд.

Фарозманд ибтикори 3 + 3 -ро дар ҷиҳати усулу мабонии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон донисту афзуд, ки ин мавзуъ, яъне ҳалли мушкилоти минтақа тавассути кишварҳои зинафъи ҳавза, ба ҳадди ақал расондани заминаҳои таниш, тавсеаи ҳамкориҳо ва эҷоди як минтақаи қудратманд аз тариқи ҳамафзоии тавоноиҳои кишварҳои минтақа аст.

 

Бештар бихонед: