Гармои ҳаво ва қатъии пай дарпайи барқ дар Туркия+гузориш
Август 10, 2024 12:43 Asia/Dushanbe
Ба гузориши сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва симо аз Анкара, дар ду ҳафтаи гузашта барқи бархе шаҳрҳои Туркия ба далели афзоиши масрафи ношӣ аз гармо ва харобии истгоҳҳои барқ ба таври пай дарпай қатъ шудааст.
Тобистони имсол ба далели вуруди тӯдаи ҳавои гарми африқоӣ ва шаклгирии гунбади ҳароратӣ дар Туркия, дамои ҳаво дар бархе нуқоти ин кишвар бо афзоиши се то чаҳор дараҷаӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи солҳои гузашта дар бархе маворид аз марзи 41 дараҷа болотар рафта ва ҳадди насоби масрафи барқи ин кишвар бо сабти рақами як миллиону 147 ҳазору 848 мегаватт/соат дар шабонарӯз шикаста шуд.
Барчасп