Рафтори мутаноқизи Амрико яке аз мавонеи аслӣ дар музокирот аст
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Игназио Кассис (Ignazio Cassis), ҳамтои швейтсарияии худ гуфт, гуфтугӯҳо барои рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон аз ҳафтаи оянда дар Вена оғоз мешавад.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба ин ки Амрико аз як сӯ худро алоқаманд ба бозгашт ба БарҶом мехонад ва аз сӯи дигар зарфи чанд ҳафтаи гузашта дар ду марҳала таҳримҳоеро алайҳи ашхосу ширкатҳои эронӣ ҷорӣ карда, афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон Амрикоро бар асоси рафтор мавриди қазоват қарор медиҳад.
Вазири хориҷаи Эрон дар ин муколамаи телефонӣ ҳамчунин ба вазъияти буҳронӣ дар Яман ишора кард ва изҳор дошт, Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳар талоше ҷиҳати рафъи муҳосираву поён додан ба ҷанг дар Яман ҳимоят мекунад.
Амирабдуллоҳиён дар бораи вазъияти минтақа ва Афғонистон низ бо баёни ин ки Эрон ҳайати ҳокимаи сарпарастии кунунии Афғонистонро ба ташкили давлате фарогир ташвиқ мекунад, аз вазъияти инсонӣ дар ин кишвар дар остонаи фасли сармо ибрози нигаронӣ карду талоши байналмилалӣ барои посухгӯӣ ба вазъияти инсонӣ дар Афғонистон ва паноҳҷӯёнро хостор шуд.
Вазири хориҷаи Эрон дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин бо ёдоварии ҷойгоҳи муҳими Швейтсария дар Аврупо хотирнишон кард, равобити дуҷонибаи ду кишвар дар масирии дуруст қарор дорад ва сафари ахири раиси Парлумони Швейтсария ба Теҳрон нуқтаи атфе дар равобити парлумонии ду кишвар будааст.
Вазири хориҷаи Швейтсария низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба сафари худ ба Эрон дар солгарди садсолагии равобити ду кишвар, Эронро кишваре таърихӣ ва бисёр ҷаззоб хонд.
Вазири хориҷаи Швейтсария дар поён бо баёни ин ки кишвараш дар хусуси лузуми ташкили давлати фарогир дар Афғонистон бо Ҷумҳурии исломии Эрони ҳамназар аст, аз Теҳрон барои ёфтани роҳкори дипломатӣ дар Афғонистон ва ҳамчунин мизбонӣ аз паноҳҷӯён қадрдонӣ кард.