Ноябр 27, 2021 10:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон тафоҳумномаи сеҷонибаи имзо карданд

Муовини вазири роҳ ва шаҳрсозӣ ва мудиромили Ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломи Эрон аз тафоҳумномаи сеҷониба дар бораи роҳиоҳан байни се кишвари Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон хабар дод.

Саидмиъоди Солеҳӣ, муовини вазири роҳ ва шаҳрсозӣ ва мудир омили Ширкати роҳи оҳани Эрон, ҷумъашаба дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, дар нишсти муштараки намояндагонӣ Ҷумҳурии Исломи Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ЭКО баргузор шуд, санади ҳамкории рейлӣ байни се кишвар ба имзо расид.

Мудир омили ширкати роҳи оҳани Эрон афзуд: Ба манзури афзоиши бори транзит ба Эрон аз марзҳои рейли бо кишвари Туркманистон ва истифодаи муносибтар аз зарфияти хатҳои рейли эҷод шуда музокироте бо кишвари Қазоқистон анҷом шуд ва пайрави он ва дар оғози иҷлоси ЭКО тафоҳумномаи сеҷониба рейли байни се кишвар Ҷумҳурии Исломи Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон (KTI) ба манзури афзоиши бори вуруди роҳи оҳан аз кишвари Қазоқистон ба Туркманистон ва аз онҷо ба Эрон қарордод баста шуд. Ба гуфтаи муовини вазири роҳ ва шаҳрсозӣ дар тафоҳумномаи 27 октиябри 2021 тавсияи содирот ва транзити афзоиши дубаробар мубодила ва пазириши вагон аз марзи рейли Сарахс шуруъи муҷадади фаъолияти марзи Ортиқ-Лутфобод баргузории ҷаласоти муштарак байни намояндагони роҳи оҳани Эрон ва Туркманистон дар қолаби санади ҳамкорӣ байни ду кишвар мавриди тавофуқ қарор гирита буд.

 

Бештар бихонед:

Тафоҳумномаи ҳамкориҳои муштараки рейлии Эрону Туркманистон

 

 

Барчасп