Баргузории иҷлоси коршиносони аршади созмони ЭКО дар Ашқобод
(last modified Sat, 27 Nov 2021 09:05:05 GMT )
Ноябр 27, 2021 14:05 Asia/Dushanbe
  • Баргузории иҷлоси коршиносони аршади созмони ЭКО дар Ашқобод

Иҷлоси коршиносони аршади Созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО дар Ашқободи Туркманистон баргузор шуд.

Эрон ҳам ба унвони яке аз аъзои ЭКО дар ин иҷлос ҳузур дорад.

Ғуломаббоси Арбоб Холис, сафири Эрон дар Туркманистон дар гуфтугӯ бо хабарнигори шабакаи “Хабар”-и Эрон гуфт, ҳуҷҷатулислом валмуслин Раисӣ бинобар даъвати раисиҷумҳури Туркманистон барои ширкат дар иҷлоси ҳамкории иқтисодии минтақаии ЭКО озими Ашқобод мешавад.

Вай афзуд, пеш аз иҷлоси аслии сарон ки рӯзи якшанбе баргузор мешавад нишастҳои тахассусӣ бо ҳузури коршиносони аршад дар ҳол бркзорӣаст ки аз рӯзи ҷумъа оғоз шудааст .

Гуфтанист асри рӯзи гузашта иҷлоси ҳамоишҳои иқтисодӣ бо ҳузури гурӯҳи 20 нафара тоҷирони эронӣ ва бо ҳузури раиси Утоқи бозаргонии Эрон дар Ашқабод баргузор шуд ва имрӯз субҳ ҳам иҷлоси вазирони хориҷаи ЭКО дар ҳол баргузарист.