Ноябр 28, 2021 17:57 Asia/Dushanbe
  • Равобити рӯ ба густариши Эрону Тоҷикистон бо қувват идома хоҳад ёфт

Раиси ҷумҳӯри Эрон бо таъкид бар равобити рӯ ба густариши Эрон ва Тоҷикистон гуфт : Равобити бисёр хуби ду кишвар дар заминаҳои тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо қувват идома хоҳад ёфт

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ, ки ба манзури ширкат дар иҷлоси Созмони ҳамкории иқтисодӣ ( ЭКО) ба Туркманистон сафар кардааст, рӯзи якшанбе бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард .

Раисӣ дар ин дидор зимни ибрози хурсандӣ аз таҷдиди дидор бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон пас аз иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай гуфт : Аввалин сафари хориҷии ман ба унвони раиси ҷумҳӯрии Эрон ба Тоҷикистон буд ва ин сафар маншаи таҳаввул дар равобити ду кишвар шуд . Оятуллоҳ Раисӣ афзуд : Нишасти имрӯз аз ду ҷиҳат муҳим аст ; аввалан иқдомоти гузаштаро мурур кунем, сониян барои равобити оянда тасмим бигирем .
Раиси ҷумҳӯрии Эрон бо ишора ба дидор бо ҳамтои тоҷикистонии худ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳошияи иҷлоси СҲШ гуфт : Он дидор бисёр арзишманду таъсиргузор буд ва мӯҷиб шуд тафовути маънодоре дар сатҳи равобит эҷод шавад ва ин афзоиши сатҳи равобити ду кишвар ба нафъи минтақа хоҳад буд .
Раисӣ афзуд : Равобити бисёр хуби Эрону Тоҷикистон дар заминаҳои тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо қувват идома хоҳад ёфт . Раиси ҷумҳӯрии Эрон хотирнишон кард : Тардиде надорем, ки равобит рӯ ба тавсеъа хоҳад буд, чароки сатҳи феълии мубодилот қонеъкунанда нест ва бо эҳёи зарфиятҳо байни ду кишвар метавон сатҳи равобитро чанд баробар афзоиш дод .
Раисӣ бо даъват аз Эмомалӣ Раҳмон барои ҳузур дар Теҳрон гуфт : Мо ба далели равобити амиқи фарҳангӣ ва ҳамзабонӣ собиқаи деринаи маваддату дӯстӣ эҳсос мекунем беш аз дигарон бояд бо ҳам ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ кунем .

Раисӣ дар мавриди мавозиъи Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи Афғонистон гуфт : Мавозиъи мо дар қиболи кишвари Афғонистон равшан аст . Ҷумҳурии исломии Эрон аз ташкили давлати фарогири воқеӣ дар Афғонистон, ки ҳамаи мардум, ақвому гуруҳҳои сиёсии Афғонистониро намояндагӣ кунад, истиқбол мекунад . Раиси ҷумҳӯрии Эрон таъкид кард : Амрикоиҳо 2 даҳа дар Афғонистон ҳузур доштанду ҷузи қатлу ғорат чизе барои ин кишвар боқӣ нагузоштанд . Дар Эрон аз ҳудӯди 4 миллион афғонистонӣ бо ифтихор пазироӣ мекунем . Мо мизбони афғонистониҳо ҳастем ва умедворем мардуми ин кишвар барои сарнавишти худашон тасмим бигиранд .
Раиси ҷумҳӯри Эрон бо террористӣ хондани гуруҳи ДИИШ гуфт : ДИИШ барои минтақа ноамнӣ эҷод мекунад ; ин гуруҳ дастпарвардаи амрикоиҳо аст . ДИИШ ба намояндагӣ аз амрикоиҳо дар минтақа куштор мекунад . Ҳамкории мо ва шумо ба нафъи амнияти минтақа ва Афғонистон аст ва аз ин назари дорои аҳамият аст .


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт : Ҳамаи ақвому гуруҳҳо бояд дар давлати Афғонистон ҳузур дошта бошанду давлати ин кишвар намояндаи тамоми ақвому гуруҳҳои ин кишвар бошад . Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо ишора ба таҳаввулоти ахири Афғонистон таъкид кард : Ноамнӣ дар ин кишвар ба зарари минтақа ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст ба ҳамин далел нигарони ояндаи ин кишвар ҳастем ва ҳама бояд талош кунем ақвому гуруҳҳои мухталифи мардум дар осоиш дар ин кишвар зиндагӣ кунанд . Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба дидори гузаштаи худ бо оятуллоҳ Раисӣ баён дошт : Пас аз он дидор сатҳи равобити ду кишвар тавсеъа пайдо кардаву рушди мубодилоти тиҷорӣ дар оянда чанд баробар хоҳад шуд .

 

Барчасп