Музокироти ҳайатҳои коршиносии Эрон, Русия ва Чин дар Вена
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i77502-Музокироти_ҳайатҳои_коршиносии_Эрон_Русия_ва_Чин_дар_Вена
Музокироти коршиносии ҳайатҳои Эрон,Русия ва Чин дар Вена-пойтахти Австрия оғоз шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 29, 2021 10:46 Asia/Dushanbe
  • Музокироти ҳайатҳои коршиносии Эрон,  Русия ва Чин дар Вена

Музокироти коршиносии ҳайатҳои Эрон,Русия ва Чин дар Вена-пойтахти Австрия оғоз шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, музокироти коршиносии ҳайатҳои Эрон, Русия ва Чин дар Вена оғоз шуд ва ин гуфтугуҳои дуҷониба ва сеҷониба идома дорад .
Алии Боқирӣ-муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон аз ( шанбе ) барои ширкат дар нишасти муштараки Барҷом дар сатҳи муовинони вазирони умӯри хориҷаи Эрон ва 4 +1  дар Вена ба сар мебарад. Дидорҳое ба таври сеҷониба низ миёни раисони ҳайатҳои Эрон, Русия ва Чин баргузор мешавад .
Шаҳри Вена аз 29 ноябр мизбони музокироти Эрону гуруҳи 4 +1 барои лағви таҳримҳои Амрикост .
Эрон ба дунболи хурӯҷи якҷонибаву ғайриқонӯнии Амрико аз Барҷом ( 8 май 2018 ) талош кард тавофуқи ҳастаиро ба шарти амали дигар тарафҳои ин тавофуқ ба таъаҳҳудоташон ҳифз кунад, аммо аврупоиҳо ҳеҷ муваффақияте дар иқдомоти амалии ваъдадодашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накарданд .