Декабр 01, 2021 16:48 Asia/Dushanbe
  • Вуруди зоирони покистонӣ ба Эрон аз марзи Систону Балучистон

Мудири поёнаи марзии Римдон, дар ҷануби устони Систону Балучистони Эрон эълом кард, зоирони покистонӣ аз тариқи поёнаи марзии Римдон вориди Эрон шуданд.

Муҳаммадшарифи Каримӣ, мудири поёнаи марзии Римдон, дар ҷануби устони Систон ва Балучистон гуфт: 499 зоири покистонӣ озими амокини мазҳабии Қум ва Машҳад, бо риояти дастуруламалҳои ситоди корона аз тариқи поёнаи марзии Римдон вориди устон шуданд.

Каримӣ афзуд: Бо вуҷуди ин ки ситоди миллии мубориза бо корона вуруди атбои хориҷӣ бо визаи зиёратӣ ва гардишгариро аз поёнаи марзии Римдон мамнуъ эълом карда буд, аммо ба далели издиҳоми азиме аз зоирони муштоқи зиёрати амокини мазҳабӣ, пайгириҳои фаровон бо масъулон анҷом ва муқарар шуд, баъд аз судури мувофиқати номаҳои лозим ин зоирон бо риояти ҳамаи дастуруламалҳо дар як бозаи замонии маҳдуд вориди Эрон шаванд.

Каримӣ хотирнишон кард: Поёнаи марзии Римдон зарфият ва тавонмандии муносибе барои содироту воридоти коло, интиқоли зоирони покистонӣ ва гардишгарону мусофирон дорад ва аз онҷо ки фосилаи он то бандари Гвадари Покистон 90 километр аст, атбои кишвари дӯст ва ҳамсоя метавонанд аз ин масир ба Чобаҳор ва сипас аз тариқи новгони заминӣ ва ҳавоӣ ба шаҳрҳои мазҳабӣ ва манотиқи тафреҳиву гардишгарии Эрон сафар кунанд.