Декабр 01, 2021 21:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти моҷарои даргирии неруҳои марзии Эрону Толибон

Баъд аз зуҳри имрӯз дар минтақаи Шағолак дар наздики вилояти Нимрўз бар сари як суитафоҳуми марзӣ даргирие миёни неруҳои марзбонии Эрон ва Толибон рух додааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  баъд аз зуҳри имрӯз дар минтақаи Шағолак дар наздики вилояти Нимрўз бар сари як суитафоҳуми марзӣ даргирие миёни неруҳои марзбонии Эрон ва Толибон рух додааст .
Моҷаро аз ин қарор аст, ки таи солҳои гузашта дар дохили хоки Эрон ва дар чандсадметрии марз бо Афғонистон деворҳое барои муқобила бо қочоқчиён ва ашрор кашида мешавад ; имрӯз бархе аз кишоварзони Эрон бо убур аз ин деворҳо, вале дар дохили марзҳои Эрон ҳузур доштаанд, аммо ба воситаи вуҷуди ин деворҳо неруҳои Толибон тасаввур мекунанд, ки ба марзи онҳо таҷовуз шудааст . Пайрави ин моҷаро неруҳои Толибон ба самти эрониён шиллек мекунанд, ки ин масаъла бо табодули оташи неруҳои эронӣ посух дода мешавад .
Гуфта мешавад ҳамакнун ин даргириҳо поён ёфта ва Эрон дар ҳоли тавҷеҳи Толибон нисбат ба хатти марз аст .
Як мақоми огоҳ таъкид кард, ки ахбори ҳошияӣ мабнӣ бар тасарруфи посгоҳҳои марзии Эрони тавассути Толибон аз асос дуруғ аст . Бархе тасовири мунташиршуда барои лаҳазоти аввалияи даргирӣ буда ва дар ҳоли ҳозир неруҳои марзии Эрон ба таври комил бар марзҳои ин кишвар тасаллут доранд .


Бештар бихонед :

 

Барчасп