Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Муддаиёни ҷаҳонии ҳуқуқи башар, ҳомии ҷиноятҳои Садом буданд.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба ҷиноятҳои Садом, дектатори Ироқ зидди мардуми Эрон гуфт: Садом ин ҷиноятҳоро ба ҳимояти муддаиёни ҷаҳонии ҳуқуқи башар анҷом медод.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасони дафтари Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори дастандаркорони ҳамоиши се ҳазор шаҳидони устони Илом, ки дар 30 обони 1400 баргузор шуда буд, субҳи имрӯз дар маҳали баргузории ин ҳамоиш мунташир шуд.
Ҳазрати оятулло Хоманаӣ дар ин дидор, шаҳодати чандин варзишкор ва тамошочии Илом бар асари бомбаборони мусобиқоти футбол дар 23 баҳман 65-ро ёдовари мазлумияти шаҳидони варизшкор хонданд ва бо баёни ин ки Садом ин ҷиноятҳоро ба пуштивонаи муддаиёни ҷаҳони ҳуқуқи башар анҷом медод, афзуданд: Нависандагон ва ҳунармандон ин баёни ҳақиқро дар абъоди ҷаҳонӣ, муаррифӣ ва мудаиёни дуруғини ҳуқуқи башарро расво кунанд.
Эшон бо ишора ба руҳияи истиқомати мардуми Илом ва тарк накардани хона ва шаҳри худ бо вуҷуди бомбаборонҳои зиёд гуфтанд: Фишори ҷанг натавонист монеъи бурузи истеъдодҳои ин мардум шавад ва дар зери ҳамин бомбаборонҳо ҷавонони нухба ва нобиғае ҳамчун шаҳид Ризоинажод тарбият шуд, ки душман вақте ӯро мояи тарақӣ ва пешрафти кишвар дид, дар муқобили чашми ҳамсар ва духтари хурдсолаш уро шаҳид кард.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ мавзуъи шаҳид ва шаҳодатро мутафовит аз қурбониёни ҷангҳои марсум дар дунё донистанд ва афзуданд: шаҳид ва разманда дар роҳи Худо илова бар дифоъи арзишманд аз марзоҳи ҷуғрофиёӣ аз марзҳои муҳими маънавӣ, яъне марзҳои ақида, ахлоқ, дин, фарҳанг ва ҳувият низ дифоъ мекунад ва бо пойбандии содиқона ба аҳди худ бо Парвардигор, ҷонашро бо Худованд муъомила мекунад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин замина афзуданд: Сифатҳои муҳим монанди ихлос, таваккал, тавозеъ, риъояти ҳудуди илоҳӣ, рафтори меҳрубонона бо асирон ва ба таври кулли сабки зиндагии исломӣ дар рафтори размандагон ва шаҳидони мо комилан барҷасата аст ва тасвири ин нуқтаҳои дурахшон ва илоҳомбахш бояд бо корҳои ҳунар дар муқобили чашми мардуми дунё қарор дода шавад.