Рушди 48 дарсадии содироти ғайринафтии Эрон
(last modified Fri, 03 Dec 2021 16:03:39 GMT )
Декабр 03, 2021 21:03 Asia/Dushanbe
  • Рушди 48 дарсадии содироти ғайринафтии Эрон

Муовини умури саноеи Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфт, 27 миллиард доллар содироти ғайринафтӣ дар ҳафт моҳи имсол (1400 шамсӣ) анҷом шуд, ки нисбат ба соли гузашта 47 дарсад аз назари арзишӣ рушд доштааст.

Ба гузориши ҷумъаи ИРНА, Меҳдии Содиқии Ниёракӣ, муовини умури саноеи Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон афзуд: Рушди 48 дарсадии арзиши содирот дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта навидбахши таҳаққуқи ҳадафгузории афзоиши ҳаддиақалии 5 миллиарддолларии содироти имсол нисбат ба соли гузашта (1399 шамсӣ) мебошад.

Муовини умури саноеи Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ҳамчунин аз наҳзати таъмиқи сохти дохил дар кишвар хабар дод ва гуфт: Аз тавлиди маҳсулоти бумӣ дар Эрон ҳимоят мешавад.

 

Бештар бихонед: