Декабр 04, 2021 20:32 Asia/Dushanbe
  • Блинкин : Амрико ба далели хурӯҷ аз Барҷом дар ҷомеъаи байналмиллалӣ мунзавй шуд
    Блинкин : Амрико ба далели хурӯҷ аз Барҷом дар ҷомеъаи байналмиллалӣ мунзавй шуд

Энтони Блинкин-вазири хориҷаи Амрико шомгоҳи ҷумъа гуфт, ки Амрико ба далели хурӯҷ аз Барҷом дар ҷомеъаи байналмилалӣ мунзавй(танҳо) шуд .

Вай ки дар як конфаронси хабарӣ суҳбат мекард, гуфт ки ба нафъи ҳама аст, ки парвандаи ҳастаии Эрон бо дипломосӣ ҳал шавад .
Эътирофи вазири хориҷаи Амрико ба инзивои Вашингтон пас аз хурӯҷ аз Барҷом дар воқеъ эътироф ба воқеияте аст, ки давлати қаблии Амрико яъне давлати Трамп ҳамвора онро инкор мекард . Доналд Трамп- раиси ҷумҳурии собиқи Амрико ҳамвора тавофуқи ҳастаии Барҷомро бадтарин тавофуқи мумкин барои Вашингтон қаламдод кардаву саранҷом дар 8 маи 2018 бо эъломи хурӯҷи Амрико аз Барҷом, амал ба таъаҳҳудот зайли тавофуқи Барҷом ва қатъномаи 2231 Шӯрои Амнияти Созмони Миллалро бо вуҷӯди мухолифатҳои густардаи ҷаҳонӣ, канор гузошт .
Давлати Трамп барои водоштани Эрон ба қабули хостаҳои ғайриқонунии худ бесобиқатарин таҳримҳоро дар чорчуби корзори фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Теҳрон ба иҷро гузошт ва бо ҳар гуна тарҳе барои ҳифзи Барҷом мухолифат варзид . Ҳадафи Трамп таслими Эрон ба шартҳои 12 гонаи мадди назари Амрико аз ҷумлаи таваққуфи барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон ва эҷоди маҳдудиятҳои шадид дар заминаи тавонмандии мушакӣ ва сиёсатҳои минтақаии Эрон буд .
Ба рағми идомаи таҳримҳои якҷонибаву ғайриқонунии давлати Трамп дар тӯли се соли гузашта, аммо ҳеҷ тавфиқӣ дар заминаи расидан ба аҳдофи мадди назари давлати Трамп барои Амрико ҳосил нашуд . Эрон бо дар пеш гирифтани сиёсати муқовимати ҳаддиаксарӣ зимни афзоиши тавонмандиҳои дохилӣ бо ҳадафи муқобила бо таҳримҳои густарда, шеваҳои мухталиферо барои давр задани ин таҳримҳо дар пеш гирифт . Зимни ин ки хурӯҷи Амрико аз Барҷом бо интиқоди дигар аъзои гуруҳи 5 +1, ки пас аз хурӯҷи Амрико аз Барҷом табдил ба гуруҳи 4 + 1 шуд, мувоҷеҳ гардид.

Ҳатто муттаҳидони аврупоии Вашингтон низ аз ҳамроҳӣ бо Амрико дар заминаи Барҷом ва Эрон худдорӣ карданд ва дар ниҳоят Вашингтон бо инзивои физояндае дар сатҳи ҷаҳон дар заминаи бархурд бо Эрон мувоҷеҳ шуд .
Ба ҳар ҳол ба рағми иддаоҳову газофагӯиҳои Вашингтон, аммо дар поёни давраи зимомдории Доналд Трамп, давлати вай ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ дар бораи Эрон нарасед ва ҳамин масъалаи яке аз бузургтарин нокомиҳо дар таърихи сиёсати хориҷии Амрико дар давра пасо ҷанги сардро рақам зад .

Томас Фриедман-рӯзноманигори Нию-Йорк таймс дар ёддоште дар ин рӯзнома бо ишора ба тасмими Доналд Трамп дар пора кардани тавофуқи ҳастаии Барҷом дар соли 2018, ки бо тарғиби Майк Помпео-вазири хориҷааш ва Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири вақти режими саҳюнистӣ анҷом шуд, навишт : Ин иқдом аз аҳмақонатарин, бефикртарин ва зиёнбахштарин тасмимоти амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида дар даврони пас аз ҷанги сард будааст .

Масъалаи муҳим ин аст, ки ба рағми инки мақомоти давлати Байден борҳо ба нокомӣ ва шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарии давлати Трамп таъкид кардаанд, аммо ҳамчунон барои водоштани Теҳрон ба манзури қабули хостаҳову шароити Вашингтон дар бораи Барҷом, ин сиёсати шикастхӯрдаро идома медиҳанд . Давлати Байден бидуни ишора ба инки кадом давлат дар қиболи Барҷом ваъдахилофӣ карда ва аз он хориҷ шуда, бозгашти Амрико ба Барҷомро вобаста ба иқдоми Теҳрон донистааст . Мақомҳои амрикоӣ аз ҷумла Энтони Блинкин-вазири хориҷаи ин кишвар  дар ҷараёни баргузории ҳафтумин даври музокироти Вена байни Эрон ва гуруҳи 5 +1 ва пас аз он бо шона холӣ кардан аз бори масъулияти Вашингтон дар қиболи таъаҳҳудоте, ки бояд барои бозгашт ба Барҷом ифо кунад, тубро ба замини Эрон андохтаанду мудом аз гузинаҳои ҷойгузин барои рӯзе, ки музокироти вена шикаст бихурад, суҳбат ба миён меоваранд. Бо ин ҳол хостаи баҳаққу мантиқии Эрон лағви таҳримҳо аз сӯи Амрико пас аз хурӯҷ аз Барҷом, ростиозмоии ин амр ва дар ниҳоят бозгашти Эрон ба иҷрои дубораи таъаҳҳудоти барҷомии худ аст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп