Декабр 05, 2021 16:27 Asia/Dushanbe

Бар асоси бархе манобеи хабарӣ як паҳпод дар рӯстои Миҳаҳ аз тавобеъи шаҳристони Куҳранг сарнагун шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эронпресс, як паҳпод дар рӯстои Миҳаҳ аз тавобеъи шаҳристони Куҳранг дар устони Чаҳормаҳолу Бахтиёрии Эрон сарнагун шуд.
Мардуми маҳаллӣ сарнагунии паҳподро дар шаҳристони Куҳранг мушоҳида кардаанд ва видеое аз онро мунташир кардаанд, ки як  чархбол дар ҳоли ҷо ба ҷоии як паҳпод дар рӯстои Миҳаҳи шаҳристони Куҳранг аст .
Бар асоси гузоришҳои тайиднашуда паҳподи суқӯткарда ибтидо бо болгард аз баландӣ поин оварда шуда ва сипас бо мошини боркаш аз маҳал мунтақил шудааст .
Парандаи мавҷуд дар тасовир монанд ба  паҳподи эронии Симурғ ва RQ – 170 амрикоӣ аст .

 

Барчасп