Таҳлил: Музокироти Вена дар интизори тасмимҳои созандаву мантиқӣ
Музокирот дар хусуси лағви таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, ки аз душанбеи ҳафтаи гузашта дар Вена оғоз шуда буд, рӯзи ҷумъа муваққатан поён ёфт ва идомаи музокирот ба баъд аз анҷоми машваратҳое дар пойтахтҳои кишварҳои музокиракунанда мавкул шуд.
Алӣ Боқирии Канӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон, дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алҷазира, бо ишора ба ин ки Амрико ду асли тазмин додану ростиозмоиро дар шаш даври музокироти БарҶом пазируфта буд, гуфт: Тамоми таҳримҳое, ки марбут ба тавофуқи ҳастаӣ аст ва тамоми таҳримҳое, ки таҳти корзори «фишори ҳаддиаксари»-и Амрико эъмол шуда ё бозгардонда шуданд, бояд фавран лағв шаванд.
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард: Дар тарҳҳое, ки ба тарафи муқобил ироа кардаем, ҷиддӣ ҳастем. Тарҳҳое, ки ироа кардаем, рӯи мизи тарафи муқобили музокирот аст ва қарор аст посух диҳанд. Албатта, посухе, ки бо шавоҳид ва бо истидлоле мантиқӣ ҳамроҳ бошад.
Ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Вена 2 санади пешниҳодии худро дар қолаби ду мавзӯи лағви таҳримҳои золимона ва масоили ҳастаӣ таҳвили гуруҳи 4+1 дар музокироти Вена додааст. Тарафи муқобил бояд асноди ироашудаи Эронро баррасӣ ва омодагии лозим барои гуфтугӯҳо ва музокироти ҷиддӣ бо ҷумҳурии исломӣ дар мавриди матнҳои ироашударо касб кунад.
Гарчӣ пас аз шаш марҳалаи музокираи фишурдаву ҳассос дар бораи бозгашт ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом), дипломатҳову мақомоти кишварҳои ҳозир дар ройзаниҳо муътақиданд, ки расидан ба як тавофуқ барои бозгашти мутақобил ба пайравӣ аз тааҳҳудот дар тавофуқи ҳастаии 2015, наздик ва дар дастрас аст, аммо барои расидан ба музокироте муваффақ фурсат хеле тӯлонӣ нест.
Михаил Улянов, намояндаи Русия дар музокироти Вена дар изҳороте таъкид кард, як қонун дар музокирот вуҷуд дорад, ки то бар сари ҳамаи чиз тавофуқ нашавад, ҳеҷ тавофуқе ҳосил нахоҳад шуд.
Аз як дидгоҳ, шикасти БарҶом ба маънои шикасти як иқдоми ҷамъии мутақобил барои посдорӣ аз таомули байналмилалӣ аст ва дар ин масир тамоми қудратҳое, ки иддаои доштани нақше фаъол дар ҷомеаи байналмилалӣ доранд, зарар хоҳанд кард.
Ба ҳамин далел кишварҳое, ки ҳанӯз узви БарҶом ҳастанд, намехоҳанд ин тавофуқ аз байн биравад. Амрико низ аз як сӯ худро алоқаманд ба бозгашт ба БарҶом мехонд ва аз сӯи дигар бар ҳифзи таҳримҳои ғайриқонунӣ исрор меварзад. Ин дугонагӣ ва зиёдахоҳии Амрико монее бар сари роҳи тавофуқ дар Вена аст.
Ризо Забеҳӣ, устоди донишгоҳ ва коршиноси масоили байналмилал бо баёни ин ки шикаст дар музокироти Вена барои давлати Ҷо Байден гарон тамом хоҳад шуд, ба ин нукта ишора мекунад, ки ба бунбаст расидани музокироти Вена барои аврупоиҳо низ паёмадҳои бисёр ноумедкунандае хоҳад дошт. Вай гуфт, баъд аз исботи нотавонии Аврупо бо вуҷуди талошҳояш барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии БарҶом, имрӯз Аврупо бори дигар дар ҷойгоҳе қарор дорад, ки метавонад ҳадди ақал ба унвони як унсури миёнҷӣ ва тасҳилгар, заминаи эҳёи ин тавофуқро фароҳам кунад.
Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи шанбе дар изҳороте дар Рум таъкид кард, Иттиҳоди Аврупо дар талош аст, тавофуқи ҳастаиро, ки тавофуқе иқтисодӣ низ ҳаст, ҳифз кунад. Боррел гуфт: Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико бидуни дар назар гирифтани авоқиби кораш, аз ин тавофуқ, ки Эрон то он замон дар ҳоли пойбандӣ ба он буд, хориҷ шуд.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт: агар хоҳони бозгашти Эрон ба тавофуқ ҳастем, бояд чизе дар ивази он бидиҳем.
Табиист, ки дар сурати вуҷуди дидгоҳе мантиқӣ ва ақлонӣ ҳамаи тарафҳо аз эҳёи БарҶом суд хоҳанд бурд.
Бештар бихонед:
- Таҳлил: Таъкиди Эрон бар авлавияти лағви таҳримҳо дар сеюмин рӯзи музокирот дар Вена
- Таҳлил: Музокироти Вена: Азму иродаи Эрон барои дастёбӣ ба тавофуқи хуб