Декабр 07, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи сеҷонибаи Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон барои роҳандозии масири транзитии нав

Мудири кулли дафтари транзит ва ҳамлунақли байналмилалии Созмони роҳдорӣ ва ҳамлунақли ҷоддаии Эрон аз тавофуқи сеҷонибаи Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон барои роҳандозии масири транзитӣ ва иттисоли халиҷи Форс ба баҳри Сиёҳ хабар дод.

Ҷаводи Ҳидоятӣ, мудири кулли дафтари транзит ва ҳамлунақли байналмилалии Созмони роҳдорӣ ва ҳамлунақли ҷоддаии Эрон бо баёни ин ки роҳандозии масири транзитии ҷадид метавонад халиҷи Форсро ба баҳри Сиёҳ муттасил кунад, гуфт: Ду кишвари аслии тарафи тафоҳум Гурҷистон ва Эрон ҳастанд, зеро ки Эрон аз тариқи халиҷи Форс ба обҳои озод муттасил аст ва Гурҷистон низ ду бандари тиҷории муҳимро дар шарқи баҳри Сиёҳ дорад.

Ҳидоятӣ афзуд, бар асоси тавофуқе, ки бо масъулони ҳамлунақли Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон шуд, қарор аст як новгон аз ҳар кишвар аз мабдаи Эрон боргирӣ шуда ва колоҳои содиротии Эронро ба мақсад бирасонанд.

Ба гуфтаи Ҳидоятӣ, колоҳои транзитӣ аз Астара, шимоли Эрон, вориди ҷумҳурии Озарбойҷон шуда ва аз тариқи бандарҳои Гурҷистон аз баҳри Сиёҳ ба Булғористон ё дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ фиристода шаванд.

Мудири кулли дафтари транзит ва ҳамлунақли байналмилалии Созмони роҳдорӣ ва ҳамлунақли ҷоддаии Эрон афзуд: Масири транзитии нав метавонад барои кишварҳои ҳошияи шарқ ва ҷануби Осиё манофеи зиёде дошта бошад ва онҳоро ба Аврупои Шарқӣ муттасил кунад.

 

Барчасп