Осониҳои ҷадид барои сафари эрониҳо ба Уммон
Сафорати Эрон дар Масқат, аз тасҳилоти ҷадид барои сафари атбои эронӣ ба Уммон хабар дод.
Сафорати Эрон дар Уммон дар баёнияе эълом кард, сафари атбои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Уммон барои муддати 14 рӯз, ниёз ба раводид (виза) надорад.
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Уммон, ҳамчунин эълом кард, навъи ин раводид, туристӣ ва ғайриқобили тамдид аст.
Дар баёнияи сафорати Эрон омадааст, афроде, ки хоҳони ҳузури бештар аз 14 рӯз дар Уммон ҳастанд, метавонанд дар фурудгоҳи Масқат бо пардохт 21 риёли уммонӣ, визои як моҳа дарёфт намоянд.
Дар ин баёния омадааст, ин навъи раводид, барои як моҳи дигар қобил тамдидаст ва доштани гувоҳии тазриқи ду доз воксани корона, ки мавриди таъйиди Уммон аст ва доштани тести "PCR" илзомист.