Декабр 11, 2021 16:34 Asia/Dushanbe

Тамбри муштарак миёни Эрону Чин, ба муносибати панҷоҳумин солгарди равобити дипломатии ду кишвар рӯнамоӣ шуд.

Дар маросими рӯнамоӣ аз тамбр(таға)-и муштарак миёни Эрону Чин, ки имрӯз (шанбе) дар мӯзеи иртиботот баргузор шуд, Рамазоналӣ Субҳонифар, мудир омили Ширкати миллии почтаи Эрон ва бархе масъулони ин ширкат ва ҳамчунин Чан Хуа, сафири Чин дар Эрон ҳузур доштанд.

Субҳонифар дар ин маросим гуфт, рӯнамоӣ аз ин тамбри муштарак метавонад мӯҷиби таъмиқи равобити фарҳангии ду кишвар шавад.

Вай афзуд, дар ин тамбри муштарак тасвири "Пули Хоҷу"-и Исфаҳон ба унвони намоди кишвари Эрон ва пули " Куанг Тсзи" дар шаҳри Chaojo Guangdong ба унвони намоди кишвари Чин тарроҳӣ шудааст ва ин ду пул метавонад намоде барои дӯстии ҳарчӣ бешатр байни ду миллат аз ин тариқ бошанд.

Сафири Чин дар Эрон низ дар ин маросим ба тавсеаи равобит миёни ду кишвар бавижа дар панҷоҳ соли ахир ишора кард ва гуфт, дар ин солҳо дӯстӣ байни ду миллат бисёр қавитар шудааст.

Вай афзуд, тамбр метавонад тамаддун, одобу русӯм ва пешрафтҳои иҷтимоии як кишварро мунташир кунаду имрӯз идороти почтаи ду кишвар ин тамбрро, ки намоди ду пули Эрон ва Чин аст, мунташир кардаанд.

Сафири Чин дар Эрон ҳамчунин гуфт, ин ду кишвар аз тариқи пули дӯстӣ ба ҳам муттасил шудаанду Роҳи Абрешими қадим ҳам монанди пуле аст, ки шарқу ғарбро тай мекунаду саҳми муҳимме дар табодули тамаддунҳо дорад.

 

Барчасп