Таъкиди раисиҷумҳури Эрон бар роҳбурди иртибот бо ҳамсоягон
(last modified Sat, 11 Dec 2021 11:55:41 GMT )
Декабр 11, 2021 16:55 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисиҷумҳури Эрон бар роҳбурди иртибот бо ҳамсоягон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, сиёсати ҳамсоягӣ ва иртибот бо ҳамсоягон дар ҷиҳати муқобила ва хунсосозии таҳримҳо, ҳаракати роҳбарӣ ва на тактикӣ барои Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар гирдиҳамоии раисони мунтахаби намояндагиҳои Эрон дар хориҷ аз кишвар бо тамаркуз бар кишварҳои ҳамсоя, афзуд: Бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои мавҷӯди Эрон, метавон табодулот бо ҳамсоягонро густариш дод, ки саҳми вазорати умури хориҷа дар ин замина бисёр маврид тавваҷуҳ аст.

Вай бо ишора ба ду роҳбурди Ҷумҳурии исломӣ барои хунсосозӣ ва рафъи таҳримҳо гуфт, бархе мегуфтанд, Ҷумҳурии исломӣ музокира намекунад ва иддае муддаӣ буданд, ки Эрон дар музокирот ҷиддӣ ширкат намекунад ва ё барнома надорад, аммо Ҷумҳурии исломӣ дар музокирот иззатмандона ширкат кард ва бо ироаи матни пешниҳодӣ нишон дод, ки дар музокира ҷиддӣ аст.

Раисӣ таъкид кард: Агар тарафи муқобил мусаммам ба рафъи таҳримҳои золимонаи Эрон бошад, тавофуқи хубе сӯрат хоҳад гирифт ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳатман ба дунболи тавофуқи хуб аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши дигаре аз суханонаш бо интиқод аз одисозии равобити бархе кишварҳои минтақа бо режими саҳюнистӣ гуфт, ин одисозӣ на барои ин кишварҳо ва на барои режими саҳюнистӣ амниятсоз нест.

Раисӣ афзуд, бархе аз кишварҳо талош мекунанд ҳам равобити худро бо саҳюнистҳо одӣ кунанд ва ҳам Исроилро ба марзҳои кишварҳои минтақа наздик кунанд, аммо ин иқдом сӯде барои онҳо нахоҳад дошт.

Саидиброҳими Раисӣ, Ҷумҳурии Исломии Эронро хайрхоҳи кишварҳои минтақа хонд ва гуфт: Иртибот бо Ҷумҳурии исломӣ ва таъомул бо Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф метавонад ба амнияту густариши сулҳ ва оромиш дар минтақа кумак кунад.

Вай ҳамчунин мушкилоти Афғонистонро ношӣ аз ҳузури бегонагон дар ин кишвар донист ва тасреҳ кард, Афғонистон пас аз ҳузури НАТО ва Амрико, рӯзи хуш надида ва натиҷаи кишвари амрикоиҳо табдили балои хонумонсӯзи маводи мухаддир аз суннатӣ ба санъатӣ будааст.

Бештар бихонед: