Охирин омори корона дар Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 58 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар хабар дод.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон имрӯз (шанбе) эълом кард, дар 24 соати гузашта, 58 бемори "Ковид - 19" фавт карданд ва маҷмӯи фавтиҳо ба 130 ҳазору 661 нафар расид.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард, аз дирӯз то имрӯз ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, як ҳазору 681 бемори ҷадиди мубтало ба "Ковид - 19" дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба 6 миллиону 152 ҳазору 524 нафар расид.
Бар асоси ин гузориш, пас аз 460 рӯз, ибтилои рӯзона ба вируси корона ба камтар аз 2000 нафар расид.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод, дар шабонарӯзи гузашта 303 ҳазору 336 доз воксани корона дар кишвар тазриқ шудааст.
Вазорати беҳдошт эълом кард, 58 миллиону 595 ҳазору 66 нафар дози аввал, 49 миллиону 157 ҳазору 835 нафар дози дувум ва ду миллиону 237 ҳазору 841 нафар, дози сеюм воксани коронаро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи воксанҳои тазриқ шуда дар Эрон ба 109 миллиону 990 ҳазору 742 доз расид.
Бештар бихонед: