Стаффан де Мистура дар Теҳрон: Террористҳо аз Ҳалаб хориҷ шаванд
Намояндаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия гуфт, аносури гурӯҳи террористии Ҷабҳаи Аннусра бояд шаҳри Ҳалабро тарк кунанд.
Ба гузориши ИРНА, Стаффан де Мистура, намояндаи дабири кулли СММ, ки барои гуфтугӯ ва машварат бо масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст, асри рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, аз онҷо, ки Ҷабҳаи Аннусра як гурӯҳи террористӣ аст, бояд аз шарқи Ҳалаб хориҷ шавад.
Стаффан де Мистура, ки дар поёни музокирот бо Ҳусайн Ҷобири Ансорӣ, муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷаи Эрон, бо хабарнигорон суҳбат мекард, афзуд, ҳар гуна пешниҳодеро барои хуруҷи ғайринизомён ва гурӯҳҳои террористӣ аз Ҳалаб баррасӣ мекунад.
Намояндаи вижаи СММ дар умури Сурия, ҳамчунин таваққуфи ҳар гуна амалиёти низомиро дар шаҳри Ҳалаб бо ҳадафи фароҳам шудани шароит, барои вуруди кумакҳои башардӯстона хостор шуд.
Вай ҳамчунин гуфт, барои ҳамфикрӣ бо масъулони Эрон ба унвони кишвари муҳим дар тарроҳии роҳкори бурунрафт аз буҳрони Сурия ба Теҳрон омадааст.
Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия, рӯзи шанбе вориди Теҳрон шуд.