Эрон мудофеъ ва ҳомии ҳуқуқи башар дар ҳарҷои дунё аст
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам мудофеъ ва ҳомии ҳуқуқи башар ва ҳам мухолифи нақзи ҳуқуқи башар дар ҳарҷои дунё аст.
Козими Ғарибободӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон бо баёни инки ҳуқуқи башар аз муҳимтарин ибдооти ҷомеъаи имрӯзӣ ва байналмилалӣ аст, тасреҳ кард, агар кишварҳо хоҳони ҳимоят, иртиқо ва пешрафти ҳуқуқи башар дар арсаи байналмилалӣ ҳастанд, бояд бо якдигар таъомул, ҳамкорӣ ва гуфтугӯ дошта бошанд.
Вай бо таъкид бар инки ҳуқуқи башар набояд сиёсатзада шавад, гуфт, мутаассифона имрӯза аз ҳуқуқи башар ба унвони як абзор барои дастёбӣ ба бархе аҳдофу манофеи кишварҳо истифода мешавад.
Ғарибободӣ афзуд, дар ҳоле, ки ғарби Осиё бо чолишҳои мутааддиде аз низомигарӣ ва ҳузури нерӯҳои бегона гирифта то таъаррузу таъаддӣ ба бархе кишварҳои мустақил то нақзи ҳуқуқи афроди бегуноҳ, бавижа куштори занону кӯдакон мувоҷеҳ аст, аммо кишварҳое, ки худро муддаии ҳуқуқи башар мебинанд аз ин вазъиятҳо қасдона ғифлат мекунанд.
Муовини умӯри байналмилали қувваи қазоияи Эрон бо баёни инки бояд роҳкорҳои ҷамъӣ барои ҳимояту иртиқои ҳуқуқи башар иттихоз шавад, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳодоте дар ин замина дорад, ки агар ҳамаи кишварҳо ба он амал кунанд, ҳуқуқи башар дар ҳамаи кишварҳо пешрафт ва иртиқо хоҳад ёфт.