Декабр 22, 2021 11:44 Asia/Dushanbe
  • Шаш медали тилло ва нуқра барои занони гуштигири Эрон дар мусобиқоти Қирғизистон

Тими миллии гуштии Алиши занон дар Ҷоми Эркинбоеви Қирғизистон соҳиби 3 нишони тилло ва 3 нишони нуқра шуд.

Ба гузориши “Эрон Пресс”, рақобатҳои байналмилалии ҷоизаи бузурги Ҷоми байналмилалии Эркинбоев дирӯз – сешанбе, ба мизбонии Қирғизистон баргузор шуд.

Дар поёни ин рақобатҳо тими миллии гуштии Алиши занони Эрон соҳиби 3 медали тилло тавассути Сапеда Бобоӣ дар вазни 55 килограм, Муҳаддиса Ҳусайнӣ дар вазни 65 килограм ва Райҳонаи Гелонӣ дар вазни 70 килограм ва 3 медали нуқра тавассути Фотимаи Фаттоҳӣ дар вазни 60 килограм, Марями Аҳмадӣ дар вазни 75 килограм ва Ҳония Ошӯрӣ дар вазни 75 + килограм шуд.