Декабр 22, 2021 19:07 Asia/Dushanbe
  • Хушбинии Русия ба музокироти Вена барои лағви таҳримҳо

Вазири хориҷаи Русия бо ишора ба хушбинии Маскав ба музокироти Вена барои лағви таҳримҳо таъкид кард, фурсати хуб барои ҳосил шудани тавофуқ дар раванди ин музокирот вуҷуд дорад.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо шабакаи "Russia Today" эълом кард, музокироти Вена барои лағви таҳримҳо байни Эрон ва гурӯҳи 4+1 пеш аз поёни соли 2021 аз сар гирифта хоҳад шуд.

Даври ҳафтуми музокироти Вена дар давлати ҷадиди Эрон, рӯзи 29 ноябр дар пойтахти Австрия оғоз шуд ва дар ниҳоят Эрон дар аввали декабр ду санад дар бораи рафъи таҳримҳои якҷонибаи Амрико бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ба тарафҳои муқобил ироа кард ва идомаи даври ҳафтуми музокироти Вена пас аз як вақфа дар 9 декабр аз сар гирифта шуд ва рӯзи ҷумъа (17 декабр) даври ҳафтуми музокирот ба поён расид ва тарафҳои музокиракунанда барои ройзаниҳои бештар ба пойтахтҳои худ боз гаштанд.

Аз замони поёни даври ҳафтуми музокироти Вена, гумоназаниҳо дар бораи замони даври баъдии музокироти Вена матраҳ шуда аст ва бештари тарафҳои музокиракунанда ибрози умедвори карданд, ки қабл аз поёни моҳи декабр даври ҳаштуми музокирот аз сар гирифта шавад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон аз замони шуруъи даври ҳафтуми  музокирот бар азми Ҷумҳурии Исломии Эрон барои расидан ба тавофуқ бо тарафҳои муқобил таъкид карданд, аммо дар ҳоли ҳозир гуфтанд, ки ба ҳеч унвон таҳти фишор ва таҳдид бо тавофуқ мувофиқат нахоҳанд кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп