Даври ҳаштуми музокироти Эрон ва 4+1 рӯзи душанбе оғоз мешавад
Даври ҳаштуми гуфтугӯҳои намояндагони Эрон ва 4+1 рӯзи душанбе ( 27декабр ) дар Вена оғоз мешавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алӣ Боқирии Канӣ-музокиракунанда аршади Ҷумҳурии исломии Эрон дар садри ҳайате субҳи душанбе барои ҳузур дар ҳаштумин даври музокироти ҳастаӣ вориди Вена мешавад . Қарор аст ҳаштумин даври музокироти лағви таҳримҳо рӯзи душанбе дар Вена дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷаи Эрон ва 4 +1 оғоз шавад . Ин давр аз гуфтугӯҳо дар ҳоле аз душанбе оғоз мешавад, ки интизор меравад тарафҳои аврупоӣ бо ҷиддияти бештаре бар сари мизи музокирот ҳозир шуда ва бо парҳез аз фазосозии расонаиву таблиғотӣ гомҳои амалӣ барои иҷрои таъаҳҳудоти худ бардоранд .
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Фуод Ҳусайн-вазири умури хориҷаи Ироқ дар Теҳрон хитоб ба тарафҳои ғарбӣ гуфт : Агар мехоҳед нигаронии шумо дар мавзӯи ҳастаии сулҳомези Эрон бартараф шавад,тамоми таҳримҳои барҷомӣ бояд бартараф шавад.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки Ҷумҳурии исломии Эрон бо мантиқи қавии худ музокиротро то расидан ба тавофуқи хуб идома медиҳад, афзуд : Замоне ки тарафҳои муқобил иродаи ҷиддии худашонро нишон диҳанд рӯзе аст, ки метавон аз бозгашти ҳамаи тарафҳо ба таъаҳудоташон ба Барҷом сухан гуфт.