Як эронӣ раиси Кумитаи доварони тирандозӣ бо камони Осиё шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i78794-Як_эронӣ_раиси_Кумитаи_доварони_тирандозӣ_бо_камони_Осиё_шуд
Довари байналмиллалии Эрон раёсати Кумитаи доварони тирандозӣ бо камони Осиёро аз они худ кард .
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 26, 2021 16:37 Asia/Dushanbe
  • Як эронӣ раиси Кумитаи доварони тирандозӣ бо камони Осиё шуд

Довари байналмиллалии Эрон раёсати Кумитаи доварони тирандозӣ бо камони Осиёро аз они худ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Насиринажод-довари байналмиллалии Эрон ба унвони нахустин эронӣ раиси Кумитаи доварони тирандозӣ бо камони Осиё интихоб шуд . Ҳамчунин бо тасмими ҳайати раисаи конфедерасиюни Осиё,Насиринажод ба унвони сардовари нахустин Ҷоми Осиё-соли 2022, ки дар Банкоки Таиланд баргузор мешавад ,интихоб шуд .
Конфедерасиюни Осиё мударрисии семинари доварӣ дар соли 2022 ин конфедерасиюнро ба вай вогузор кард, ки тамоми ин унвонҳо барои нахустин бор дар тирандозӣ бо камони Эрон иттифоқ афтодааст .
Насиринажод нахустин довари байналмиллалии Эрон ва ғарби Осиё аст, ки дар соли 2007 тавонист дар майдонҳои байналмиллалӣ қазоват кунад .