Декабр 26, 2021 17:29 Asia/Dushanbe
  • Дифоъ аз манофеъи миллати Эрон бузургтарин дастоварди нерӯҳои мусаллаҳ аст

Фармондеҳи нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, дифоъ аз манофеъи миллати Эронро бузургтарин дастоварди нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ унвон кард.

Дарёдори посдор Алирозо Тангсирӣ бо ишора ба баргузории мувафақиятомези размоиши Паёмари аъзам(с)-17 тасреҳ кард, размоиши муштараки Паёмбари аъзам(с)-17 яке аз саҳнаҳои намоиши иқтидори миллӣ ва тавони размӣ барои ҳифзу таҳкими сулҳу барқарори амният буд.

  • Фармондеҳи неруҳои дарёии Сипоҳи посдорон афзуд, иҷрои мувафақиятомези ҳафтумин размоиши муштараки Паёмбари аъзам(с) вобаста ба талош ва муҷоҳидати беҳтарин фарзандони Эрони исломӣ буд, ки қодиранд сахтарин корҳоро дар арсаҳои соҳилҳо, дарё ва осмон анҷом диҳанд то мардуми Эрони исломӣ дар беҳтарин вазъияти амну оромиш қарор гиранд.

Размоиши муштараки Паёмбари аъзам(с)-17, ки аз 20 декабр дар соҳилҳои Халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ва минтақаи умумии устонҳоим Ҳурмузгон, Бушеҳр ва Хузистони Эрон оғоз шуда буд, 24 декабр поён ёфт.

 

Барчасп