Декабр 28, 2021 09:44 Asia/Dushanbe
  • Ройзании музокиракунандагони аршади Эрон ва Фаронса дар Вена

Музокиракунандагони аршади Ҷумҳурии исломии Эрон ва Фаронса дар идомаи ройзаниҳои фишурдаи дипломатӣ, бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд.

Ин сеюмин дидори Алии Боқирии Канӣ, музокиракунандаи аршади Эрон бо тарафҳои муқобил дар ҷараёни музокироти ҷорӣ ва сооте пеш аз баргузории нишасти Комиссиюни муштараки БарҶоам аст.

Музокиракунандаи аршади Эрон пештар бо раисони ҳайатҳои Русия ва Чин ва ҳамчунин намояндаи Иттиҳоди Аврупо дидор кард. Гуфта мешавад, Фаронса дар музокироти даври ҳафтуми Вена нақши созандае ифо накард ва аз ин манзар мавриди интиқоди тарафи эронӣ қарор гирифт. Як манбаи огоҳ низ пештар дар бораи монеътарошии тими музокиракунандаи Фаронса дар музокироти рафъи таҳримҳо гуфта буд, ки пешнависи Вена дар замоне, ки фаронсавиҳо набуданд, пешрафт дошт, аммо ба маҳзи бозгашти онҳо кунд шудани раванди гуфтугӯҳо эҳсос шуда буд.

Бар асоси барномаи эъломшудаи нишасти ифтитоҳияи Комиссияи  муштараки БарҶом, соати 18 ба вақти маҳаллӣ (20: 30 дақиқаи Теҳрон) баргузор мешавад. Тибқи риволи Энрике Мора, баъд аз поёни нишаст дар бораи натиҷаи гуфтугӯҳо ва чашмандози пеширӯ тавзеҳотеро ба хабарнигорон ироа хоҳад дод.

 

Бештар бихонед: 

 

Барчасп