Таҳлил: Лағви таҳримҳои Эрон, рамзи муваффақияти музокироти Вена
(last modified Tue, 28 Dec 2021 07:14:13 GMT )
Декабр 28, 2021 12:14 Asia/Dushanbe
  • Боқирӣ: Рамзи муваффақияти музокирот дар Вена дастёбӣ ба тавофуқ дар заминаи лағви муассири таҳримҳои золимона алайҳи Эрон аст
    Боқирӣ: Рамзи муваффақияти музокирот дар Вена дастёбӣ ба тавофуқ дар заминаи лағви муассири таҳримҳои золимона алайҳи Эрон аст

Музокироти Эрону гуруҳи 1+4 ( Русия, Чин, Британия, Фаронса ва Олмон) имрӯз (сешанбе) бо мавзӯи рафъи таҳримҳо ва баррасии пешниҳодҳои Эрон дар бораи ростиозмоӣ ва тазминҳо, дар Вена пайгирӣ мешавад.

Ҳаштумин давр аз гуфтугӯҳои Вена бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимонаи зидди Эрон асри душанбе бо баргузории нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом ба раёсати Алии Боқирӣ, музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Энрике Мора, муовини дабири кулли масъули иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо оғоз шуд.

Дар нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом, тарафҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамоҳангкунандаи Комиссиюни муштараки БарҶом бар муваффақиятомез будани даври қаблии гуфтугӯҳо таъкид ва изъон доштанд, пешрафтҳои хубе дар даври қаблии гуфтугӯҳо ҳосил шуда ва дар воқеъ чорчӯбе муносиб барои пешбурди гуфтугӯҳо фароҳам шудааст.

Михаил Улянов, намояндаи Русия дар музокироти Вена дар поёни нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом, даври тозаи музокиротро «амалгароёна» ва «натиҷамеҳвар» унвон кард ва гуфт :"Ширкаткунандагон мувофиқат карданд, ки фароянди тадвини пешнависро бо ҷиддияти бештаре дунбол кунанд то дар асраъи вақт дастёбӣ ба тавофуқ анҷом шавад."

Энрике Мора, муовини масъули иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва ҳамоҳангкунандаи нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом низ эълом кард: "нишонаҳои мусбате аз муваффақият дар даври ҳаштуми музокирот вуҷуд дорад. Ҳамаи тарафҳо омодагӣ ва тамоюли худро барои ҳаллу фасли ихтилофот иброз доштанд. Ҳамаи онҳо мутааҳҳид ба дастёбӣ ба натиҷаи матлуб ҳастанд."

Ҳайати музокиракунандаи Эрон 8 озар (29 ноябр) пас аз се моҳи вақфа дар музокирот ва дар миёни ҷавсозии Амрико ва се кишвари аврупоӣ (Британия, Фаронса ва Олмон) мабнӣ бар инки ҳайати эронӣ бидуни барномаи мушаххас ва барои вақткушӣ ба Вена омадааст, ду пешнависи ҷадид яке дар хусуси лағви муассири таҳримҳо ва дигаре дар бораи иқдомоти ҳастаии Эрон ироа кард; бар ин асос иҷрои таъҳҳудоти ҳастаии Эрон манут ба лағви таҳримҳои золимона зидди ин кишвар хоҳад буд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишваре масъулиятпазир эълом кардааст, бо тавваҷуҳ ба инки Амрико тарафе буда, ки тавофуқи БарҶом-ро нақз карда ва се кишвари аврупоии узви БарҶом ҳам ҳеҷ иқдоми муассире барои иҷрои тааҳҳудоти худ анҷом надодаанд, бинобар ин бояд ибтидо ҳамаи таҳримҳо лағв шавад ва иҷрои тааҳҳудоти Амрико низ мавриди ростиозмоӣ қарор гирад.

Алии Боқирӣ душанбешаб пас аз нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом, бо баёни инки тарафҳои музокира дар ин нишаст бар аҳамият ва авлавияти доштани расидагӣ ба мавзӯи рафъи таҳримҳо ва ҳамчунин мавзӯи ростиозмоӣ ва тазмин дар даври ҳаштум гуфтугӯҳои Вена таъкид карданд, афзуд: Рамзи муваффақияти музокирот дар Вена дастёбӣ ба тавофуқ дар заминаи лағви муассири таҳримҳои золимона алайҳи Эрон аст.

Бадеҳист, дар ҳоли ҳозир тарафҳои музокиракунанда дар Вена пазируфтаанд, ки гуфтугӯҳои атрофи ду пешнависи ироа шуда аз сӯи Эрон, яъне лағви таҳримҳо ва мавзӯи ҳастаӣ идома ёбад; баҳсҳо шакле дар бораи музокироту чигунагии он анҷом шудааст ва акнун дар даври ҳаштми музокирот, ҳайатҳои музокиракунанда вориди мабоҳиси муҳтавоӣ мешаванд.

Аз дидгоҳи Эрон, натиҷаи музокирот ба ҷиддияту масъулятпазирии тарафҳои муқобил ва ба таври мушаххас тарафҳои ғарбӣ вобастааст, ки бо лағви муассири таҳримҳо ва иҷрои тааҳҳудоти худ, имкони дастёбӣ ба тавофуқеро, ки мутазаммини манофеи Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад, фароҳам кунанд.

Бештар бихонед: