Ҷасади хабарнигори шаҳид дар рӯи китфи мардуми Эрон
Пайкари поки хабарнигори хабаргузории Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ду рӯзи пеш ҳангоми таҳияи гузориши хабарӣ дар Сурия ба шаҳодат расид, имрӯз бо ҳузури ҷамъе аз мақомот ва мардуми Эрон дар Теҳрон маросими видоъ баргузор шуд.
Ба гузориши Радио тоҷикӣ ба нақл аз хабаргузори Садо ва Симо, шаҳид Муҳсини Хазоӣ, хабарнигори хабаргузории Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, асри шанбе дар ҳоли фаъолияти расонаӣ дар Ҳалаби Сурия бо ҳамлаи хумпораии гурӯҳҳои террористӣ ба шаҳодат расид.
Дар маросими видоъ бо ин хабарнигори шаҳид, ҷамъи зиёде аз қишрҳои мухталифи мардум, шахсиятҳои низомӣ ва сиёсӣ, намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ, мудирон ва фаъолони расонаӣ, чеҳраҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Эрон, ҳузур доштанд.
Пайкари поки шаҳид Хазоӣ пас аз маросими видоъ барои хоксупорӣ ба шаҳри Зоҳидон, дар ҷанубу шарқи Эрон мунтақил шуд.