Таҳлил: Шаҳид Сулаймонӣ аз дидгоҳи раҳбари муаззами инқилоб
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқлоби исломӣ рӯзи шанбе дар дидори хонавода ва аъзои ситоди бузургдошти сардори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ,шаҳид Сулаймониро улгӯ ва қаҳрамони ҷавонони дунёи Ислом ва минтақа донистанд.
Ишон тасреҳ карданд, имрӯз Сулаймонӣ дар минтақаи мо намоди умед, эъдимод ба нафс,рашодату рамзи истиқомат ва пирӯзӣ аст ва ҳамчунон ,ки бархе ба дурусти гуфтаанд, "шаҳид" Сулаймонӣ барои душманонаш хатарноктар аз "сардор " Сулаймонӣ аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар табйини ин воқиъат афзӯданд: Душманон хаёл мекунанд бо шаҳодати Сулаймонӣ,Абумаҳдӣ ва дигар ҳамроҳони ишон кор тамом хоҳад шуд, аммо имрӯз бо баракти он хуни азиз ва мазлуми онҳо ,Амрико аз Афғонистон фирор кардааст,дар Ироқ ночор ба тазоҳур ба хуруҷ ва эъломи нақши мусташорӣ ва бидуни ҳузури низомӣ аст,ки албатта бародарони ироқӣ бояд бо ҳушёрӣ ин масъаларо дунбол кунанд. Дар Яман ҷабҳаи муқовимат рӯ ба пешрафт аст, дар Сурия душман замингир ва бидуни умед ба оянда аст ва дар маҷмӯъ, ҷараёни муқовимат ва зиддиистикборӣ дар минтақа имрӯз аз ду сол қабл пурравнақтар ,шодобтар ва умедвортар дар ҳоли кор ва ҳаракат аст.
3-уми январи 2020 ва дар нахустин сооти бомдод,сардор Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис муовини Созмони нерӯҳои мардумии Ироқ бо ҳамроҳии 8 нафари дигар аз ҳамроҳонашон дар масири фурӯдгоҳи Бағдод дар як ҳамлаи террористии ҳидоятшуда аз сӯйи нерӯҳои амрикоӣ бо шиллики мушак аз паҳподҳои амрикоӣ ба шаҳодат расидаанд.
Шаҳид сипаҳбуд "Қосими Сулаймонӣ" ва "Абулмуҳандис " ва дигар ҳамразмонаш дар арсаи набард бо душман ва терроризм ва нобудии ДОИШ ва хунсо кардани нақшаҳои таҷзияталабонаи Амрико ва саҳюнизм дар минтақа нақши бузӯргиро ифо карданд.
Сардор Сулаймонӣ бо муборизаи хастанопазираш дар раҳоии минтақа аз ДОИШ ва бозгардондани субот дар ғарби осиё ва фаротар аз он нақши мунҳасир ба фард дошт. Амрико бо ин террор дар воқеъ фармодеҳеро ба ҳадаф қарор дод,ки зарбаҳои сангине ба террористҳои ДОИШ ворид карда буд. Гузорише ,ки ҳудуди як моҳ пеш аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ ,тавассути авомили вобаста ба Амрико дар Ироқ ба фармондеҳии неруҳои террористии Амрико CEHTCOM ситоди фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида мунъакис гардида буд,нишон имедиҳад Амрико аз пирӯзиҳои пай дар пайи муқовимат ,ба вижа ,шикаст ва нобудии ДОИШ ба шиддат нигарон шуда буд. Ҳадафи онҳо аз террор ҷилавгирӣ аз решакан шудани терроризм дар минтақа буд. Ин мавзӯъ нишон медиҳад,ки сардор Сулаймонӣ нақши роҳбурдӣ дар шикасти тарҳи Амрико ва Исроил дар минтақа аст.
Пажӯҳишгоҳи улум ва маорифи дифоъи муқаддас низ ба ин нукта ишора дорад,ки шаҳид Сулаймонӣ ба "дағдағаи умумии амниятии " Амрико табдил шудааст." Степен Лендман "назарияпардози амрикоӣ ва донишомӯхтаи донишгоҳи Ҳорвард дар таҳлили аҳдофи ин иқдоми таррористии Амрико мегӯяд: Амрико ҳар касеро таҳдид барои аҳдофи султаҷӯёнааш бошад террор мекунад, онҳо афроди монанди Мортин Лутер Кингро ҳам ба далели руйкардҳои мухолифи режими ҳоким бар Вашингтон ба қатл расонданд.
Дар ин нукта тардид нест,ки гурӯҳи террористии такфирии ДОИШ бо ҳадафи таъмини манофеъи Амрико ва режими саҳюнистӣ, тавсиъаи гегимониаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нуқоти мухталифи минтақа ва низ ҳоким кардани фазое аз ҳарҷу марҷ дар ҷуғрофиёи ҷаҳони Ислом падидор шуд ва рушд кард.
Даргириҳои Сурия ва Ироқ бахше аз ин тавтиъа дар мантақа бо ҳадафи нобудии ҳаргӯна ҷараёни муқовимат буд .
Аз ҳамин рӯст, ки раҳбари муаззами Инқлоб шаҳид Сулаймониро як воқеъияти монданӣ ва то абад зинда, хонданд ва бархурди ҳазфи мустакбирон бо шаҳид Сулаймонӣ дар фазои маҷозиро нишонаи тарси онҳо ҳатто аз исми шаҳид ва воҳимаашон аз ривоҷи таксири он улгӯи гаронсанг донистаанд ва афзӯданд: Қотилони ӯ ҳамчунон Тромп ва амсоли он, ҷузъи фаромӯшудагони таърихӣ хоҳанд буд ва дар зуболадони таърих гуму гур мешанд , албата паз аз ин ки тақоси ҷинояти дунявии худро пас бидиҳанд.
Бештар бихонед:
Бидуни шак бояд гуфт, ки агар Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ва нақшофаринии роҳбурдии ӯ дар майдони набард набуд,таҳаққуқи пирӯзии ниҳоӣ бар терроризми такфирии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ ва минтақа муяссар намешуд.Саҳюнизм ва Имперялизми Амрико дар ҳақиқат сангинтарин шикстҳои таърихии худро аз инқилоби Исломӣ ва ҷабхаи муқовимат мутаҳаммил шудаанд.