Январ 04, 2022 14:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди як дипломати ғарбӣ бар рафъи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон

Як дипломати ғарбӣ таъкид кард, Амрико бояд нахустин гомро барои аз саргирии иҷрои комили ин тавофуқ бардорад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Politico», як дипломати ғарбӣ тасреҳ кард, аз онҷо ки Амрико ба сӯрати якҷониба аз БарҶом хориҷ шуда, эҳтимолан лозим хоҳад буд, ки Вашингтон «нахустин гоми маънодор»-ро бардошта ва бархе аз таҳримҳо алайҳи Теҳронро коҳиш диҳад.

Ҷадидтарин даври музокироти рафъи таҳримҳо баъд аз вақфае кӯтоҳ аз рӯзи душанбе дар Вена оғоз шудааст.

Дипломатҳои ғарбӣ аз 29 ноябр, ки нахустин даври музокироти рафъи таҳримҳо дар давлати Саидиброҳими Раисӣ оғоз шуда, талош кардаанд бо ироаи чорчӯбҳои замонӣ тими Эронро барои мувофиқат бо хостаҳои худ таҳти фишор қарор диҳанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Теҳрон дар талош аст БарҶом-ро, ки аз нахустин рӯзҳои иҷроӣ шудан дар асари бархе сиёсатҳои Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ба тавофуқе тиҳӣ аз манофеи иқтисодӣ барои тарафи эронӣ табдил шуд ба самти тавофуқе дуҷониба ва мутавозин пеш бибарад.

Дигар меҳвари ихтилоф, дархости Эрон барои ахзи замонат аз тарафи ғарбӣ барои мондан дар БарҶом аст, он ҳам дар шароите, ки намояндагони ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико бори дигар таҳдид кардаанд, чунон чӣ ба қудрат барисанд БарҶом-ро пора хоҳанд кард.

Ин хабаргузорӣ ба нақл аз бархе «мақомҳои наздик ба музокирот» муддаист, панҷараи музокирот то поёни моҳи январ ё авоили моҳи феврал баста хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп