Додситони кулли Эрон: 74 муттаҳами парвандаи террори шаҳид Сулаймонӣ шаҳрванди Амрико ҳастанд
Додситони кулли Эрон аз шиносоии 127 муттаҳами дахил дар террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш хабар дод ва гуфт, аз ин теъдод 74 нафар шаҳрванди Амрико ҳастанд.
Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон рӯзи душанбе гуфт, раванди пайгирии қазоии ин террори ноҷавонмардона аз чаҳоруми январи 2020, яъне фардои рӯзи шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш оғоз шуд.
Вай бо ишора ба мукотиба ва баргузории чанд ҷаласаи додситонии кул бо масъӯлони вақти вазорати умӯри хориҷа ва вазорати иттилоот дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои пас аз террори шаҳид Сулаймонӣ тасреҳ кард, ки фарохости ин парванда омодаи ирсол ба додгоҳ аст.
Мунтазирӣ бо ишора ба ҳамкории қазоии густардаи Эрону Ироқ аз соли гузашта то кунун дар парвандаи террори шаҳид Сулаймонӣ афзуд, ин ҳамкорӣ ба наҳви қобили қабуле пеш меравад.
Бомдоди сеюми январи 2020 дар ҳамлаи мушакии паҳподҳои амрикоӣ сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, Абу Маҳдӣ Алмуҳандис, муовини нерӯи басиҷи мардумии Ироқ ва ҳамроҳонашон ба шаҳодат расиданд.
Ин ҳамла бо дастури мустақими Доналд Трамп, раисиҷумҳури вақти Амрико сӯрат гирифт.
Дар пайи ин иқдоми террористии Кохи Сафед, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бомдоди чаҳоршанбе ҳаштуми январи 2020 бо чанд мӯшаки баллистик пойгоҳи амрикоии "Айнул-асад" дар устони Алонбори Ироқро ҳадаф қарор дод.
Вазорати дифои Амрико (Пентагон) дар чанд марҳала ва ба сӯрати тадриҷӣ эълом кард, ки теъдоди 110 нафар аз нерӯҳои амрикоии ҳозир дар пойгоҳи "Айнул-асад" дучори осеби мағзӣ шуда ва таҳти дармон қарор гирифтаанд.
Бештар бихонед: