Ҳамоиши "Чашмандози равобити Эрон ва Тоҷикистон" баргузор мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i79290-Ҳамоиши_Чашмандози_равобити_Эрон_ва_Тоҷикистон_баргузор_мешавад
Ҳамоиши Чашмандози равобити Эрон ва Тоҷикистон бо ҳузури сафирон, пажуҳишгарон ва ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Январ 04, 2022 19:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши

Ҳамоиши Чашмандози равобити Эрон ва Тоҷикистон бо ҳузури сафирон, пажуҳишгарон ва ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ Садои Хуросон, ин ҳамоиш ба муносибати сивумин солрӯзи барқарории равобити дипломотии ду кишвар душабне 20 дайи 1400 дар муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор мешавад.

Дар ин ҳамоиш илова бар суханронии сафирони пешин ва феълӣ, бархе аз пажуҳишгарони аршад низ назароти худро баён хоҳанд кард.

Ин ҳамоиш бо талоши муассисаи таҳқиқоти байналмиллалии "Аброри муъосир"-и Теҳрон ва сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор мешавад.