Январ 05, 2022 14:34 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои террори сардор Сулаймонӣ дар контроли Амрико нахоҳад буд

Вазорати умури хориҷаи Эрон террори сардор Сулаймониро мисдоқи боризи терроризми давлатӣ донист.

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар сафҳаи корбарии худ дар Твиттер навишт: Террори сардор Сулаймонӣ фақат мисдоқи боризи терроризми давлатӣ ва нақзи усули табиии ҳуқуқи байналмилал набуд, балки нишон дод Амрико метавонад ҷиноятеро муртакиб шавад, аммо контроли паёмадҳои он дар ихтиёри ӯ нахоҳад буд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, халаи ин ақлоният омили бунёдини уфули Амрико аст.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон сеюми январи 2020 дар ҳоле ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд,дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовизу террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод, ба ҳамроҳи Абумаҳди Алмуҳандис, нойибраиси Басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафар аз ҳамразмонаш ба шаҳодат расид.