Январ 06, 2022 22:38 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати духти Набии мукаррами Ислом(с) ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) таслият бод

Дар шаби севвуми ҷимодус-сонӣ, ҷаҳони Ислом дар суги шаҳодати бонуи ду олам нури чашми Набии Хотам(с) ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) сиёҳпуш ва сугвор аст.

Мусалмонон имшаб ба суги модар нишастанд, замину замон ва осмон сиёҳпуши суги модар аст, модари нур, модари ҳамаи обҳои ҷаҳон, модаре, ки таърих ҳаждаҳ баҳор бештар тавфиқи дарки вуҷуди биҳиштияро надошт, бонуи ҷавоне, ки замин бо ҳамаи вусъату бузургияш тоби азамати осмонияшро наёвард.

Имшаб шаби шаҳодати бузургбонуи ҷаҳон, гули сарсабади аҳли биҳишт ва духтари Расули гиромии Ислом(с) аст, ки 95 рӯз бештар фироқи Паёмбар(с)-ро таҳамул накард ва бо дили сухта ва номардиҳо ва паймоншиканиҳо муштоқона ба дидори падараш шитофт.

Дар чунин шабе Эрони исломӣ низ якпорча мотам аст ва ҳайатҳои аъзодорӣ дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар бо барпоии маросимҳо ва ойинҳои мазҳабӣ дар ин шаҳодати ҷонсуз сугворӣ мекунанд ва ишқу иродати хешро ба остони осмонии он бонуи бузург иброз медоранд.

Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо(а) низ дар шаби шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) мизбони муъминон ва дилсухтагоне аст, ки зимни риъояти муқарароти коронаии бо ташарруф ба ин ҳарами шариф, мусибати фироқи Модари Имомон(с)-ро ба пешгоҳи фарзанди бузургвораш имоми Рауф(а) таслият мегуянд.

Ҳамчунин маросими азодории шаби шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) дар ҳусейнияи эмом Хумайни(р) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ баргузор мешавад.

Ин маросим ба иллати идомаи густариши бемории корона ва лузуми риъояти комили шиваномаҳои беҳдоштӣ, бидуни ҳузури ҷамъият ва танҳо бо ҳузури як суханрон ва як маддоҳ баргузор мешавад.

Дар дигар кишварҳои исломӣ аз ҷумла Афғонистон низ мусалмонон бо барпоии маҳфилҳои азодорӣ ва марсияхонӣ дар суги духтари бузургавори рисолат, ҳамсари вилоят ва модари эмомат аз ин бонуи Каримаи Тоҳира талаби файз мекунанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с), духтари Паёмбари Акрам Расули Худо(с)-ро ба пайравон ва иродатмандони он бонуи мукаррама таслият мегуяд.

 

Барчасп