Маросими азодории шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i79376-Маросими_азодории_шаҳодати_ҳазрати_Заҳро_(с)_бо_ҳузури_Раҳбари_муаззами_инқилоби_исломӣ
Чаҳорумин шаби маросими азодории айёми шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор шуд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Январ 07, 2022 16:24 Asia/Dushanbe
  • Маросими азодории шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Чаҳорумин шаби маросими азодории айёми шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, маросими чаҳорумин шаби азодории айёми шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо, духтари гиромии расули мукаррами ислом (с) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор шуд.

Маросими азодории айёми Фотимия дар ҳусайнияи имоми Хумайнӣ (раҳ) ба иллати риояти протоколҳои беҳдоштӣ, бидуни ҳузури ҷамъият баргузор мешавад ва аз шабакаҳои телевизиюнӣ пахш мешавад.

Дар маросими шаби ҷумъа ҳуҷҷатулислом Масъуди Олӣ дар суханоне бо таъкид бар ин ки касоне, ки дил дар гарави ҷабҳаи ҳақ доранд ва барои таҳаққуқи иродаи илоҳӣ талош мекунанд, дар савоби ибодоти анбиё ва авлиё дар тӯли таърих шарик ҳастанд, гуфт: Пайғамбари акрам (с) бо гуфтору рафтори худ ҳазрати Заҳро (с) - ро ба унвони шохиси ҳақ муаррифӣ карду маъмурияти ҳазрати Заҳро (с) пас аз реҳлати пайғамбари акрам (с) низ ҳифзи меҳвару таҷассуми вилояти ҳақ, яъне амиралмуъминин (а) буд. Дар ин маросим Меҳдии Самовотӣ низ ба қироати дуои тавассул ва зикри мусибат пардохт.