Муваффақияти воксани эронии "Pasto co ad" дар марҳалаи пешболинӣ
Раиси Институти Пастери Эрон, аз муваффақият дар марҳалаи пешболинии тавлиди воксани "Pasto co ad" хабар дод.
Алиризо Бегларӣ, раиси Институти Пастери Эрон, гуфт, воксани "Pasto co ad" сеюмин воксани тавлидии маҷмӯъаи Пастер барои муқобила бо вируси корона аст.
Вай афзуд, воксани "Pasto co ad" дар ду навъи так доз ва ду дозӣ тарроҳӣ шудааст ва дар сӯрати судӯри муҷаввизҳои лозим пас аз тайи озмоишҳои болинӣ барои истифода тавзеъ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Бегларӣ, аз ҷумлаи мазоёи ин воксан, тавлиди дохилии он ва имкони эҷоди тағйироти лозим дар сӯрати бурузи сӯяҳои ҷадиди вируси корона барои ҳифзу иртиқои асарбахшии воксан хоҳад буд.
Институти Пастери Эрон, то кунун 15 миллион доз воксан " “Постуковак” ва “Постуковак+” тавлид кардааст, ки аз ин мизон 8 миллион барои тазриқ ба вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ таҳвил дода шудааст ва 7 миллиони дигар низ дар остонаи инъиқоди қарордод барои таҳвил ба вазорати беҳдошт аст.
Ин воксанҳо, дар остонаи ахзи муҷаввизи Созмони ҷаҳонии беҳдошт аст.
Бештар бихонед:
- Воксани Розӣ, дуввумин воксани кӯдакон дар ҷаҳон
- Асарбахшии 93 дарсадии ваксинаи эронии “Ков Эрон Баракат”