Январ 08, 2022 13:40 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши намояндагии Эрон дар СММ ба мақолаи ҷангталабонаи як рӯзномаи амрикоӣ

Намояндагии доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид мақолаи ахири рӯзномаи "Wall street Journal" дар тарғиби раисиҷумҳури Амрикоро ба иқдоми низомӣ зидди Эрон, хилофи усӯли ҳуқуқи байналмилал донист.

"Wall street Journal" ахиран дар мақолае навиштааст, ботаваҷҷӯҳ ба эҳтимоли шикасти музокироти Вена беҳтар аст, ки Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико худро барои ҳамлаи низомӣ омода кунад.

Дафтари намояндагии доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо интишори паёме дар ҳисоби корбарии худ дар “Твиттер” ба мақолаи ҷангталабонаи рӯзномаи "Wall street Journal" вокуниш нишон дод.

Дафтари намояндагии доими Эрон дар Созмони милал дар “Твиттер” навишт: Ташвиқ ва тавсия ба раҳбарон барои интихоби гузинаи низомӣ бавижа замоне, ки як фароянди дипломатии ҷиддӣ дар ҷараён аст, ҳамоқатбор, хасмона ва муғойир бо усӯли ҳуқуқи байналмилал аст.

Дар ин паём омадааст: Касоне, ки чунин тарҳҳои бемулоҳизаеро тарроҳӣ ва иҷро мекунанд, масъули авоқиби он хоҳанд буд.

Даври ҳаштуми музокироти Эрону гурӯҳи 1+4 бо ҳузури ғайримустақими Амрико бо ҳадафи рафъи таҳримҳои золимонаи Амрико зидди Эрон ва эҳёи БарҶом дар Вена, пойтахти Австрия дар ҷараён аст.

Манобеи наздик ба музокирот мегӯянд, ки гуфтугӯҳо дар сутӯҳи каршиносӣ ва сиёсӣ дар чорчӯби дидорҳои дуҷониба ва чандҷониба миёни Эрон ва 1+4 ва низ миёни Эрону Амрико аз тариқи мукотиботи ғайрирасмӣ бо меҳварияти ҳамоҳангкунандаи Комиссиюни муштараки БарҶом дар рӯзҳои оянда идома хоҳад дошт.

Алӣ Боқирии Канӣ, раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон гуфт, агар тарафи муқобил омодагии ҷиддитаре барои лағви таҳримҳо дошта бошад ва иродаи ҷиддитаре барои пазириши созу корҳои маддиназари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар лағви таҳримҳо нишон диҳад, бавижа дар ду мавзӯи ростиозмоӣ ва тазмин, дар муддатзамони кӯтоҳтаре метавон ба тавофуқ расид.

Бештар бихонед:

 

Барчасп