Январ 08, 2022 22:35 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 40 дарсадии содироти Эрон ба ҷаҳон

Мудири кулли дафтари бозаргонии арабӣ- африқоии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз афзоиши 40 дарсадии содироти Эрон ба ҷаҳон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи тавсеаи тиҷорати Эрон: Фарзоди Пилтан гуфт: Содироти Эрон ба ҷаҳон дар 9 моҳаи аввали имсол ҳудуди 35 милларду 144 миллон доллар буд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 40 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

  • Пилтан афзуд: Ироқ, Чин, Аморати Муттаҳидаи арабӣ ва Туркия дар  бозорҳои ҳадафи содироти маҳсулоти эронӣ қарор доштанд.
  • Мудири кулли дафтари бозаргонии арабӣ-африқоии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ҳамчунин гуфт: Уммон, Афғонистон, Ҳинду Покистон, Индонезия ва Тайланд дар рутбаи 10 кишвари ҳадафи содиротии Эрон қарор гирифта аст.

Пилтан таъкид кард: Содироти Эрон ба Ироқ ва Аморот дар 9 моҳои аввали соли 1400 нисбат ба мушобеҳи соли гузашта аз назари арзишӣ ба тартиб 14 дарсад ва 4 дарсад рушдро нишон медиҳад.