Январ 08, 2022 22:35 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири хориҷаи Толибон ба Эрон

Вазири хориҷаи Толибон роҳии Эрон шуд.

Амирхони Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи Толибон дар сарварии як ҳайат асри шанбе (18 даӣ) ба Эрон сафар кард.

Абдулқодири Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон дар твиттер навишт, қарор аст Муттақӣ дар ин сафар бо мақомҳои Эронӣ дар бораи масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, транзитӣ ва муҳоҷирон гуфтугӯ кунад.

Муттақӣ пеш аз ин ба Покистон ва Қатар низ сафар карда аст.

Сафарҳои хориҷаи ӯ дар ҳоле идома дорад, ки то кунун ҳеҷ кишваре давлати Толибонро ба расмият нашинохта аст.