Январ 09, 2022 16:46 Asia/Dushanbe
  • Сардор Сулаймонӣ дар замони ҳаёти худ нафаси низоми султаро гирифта буд

Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Сардор Сулаймонӣ дар замони ҳаёти пурбаракати худ сарпанҷаи қудрати инқилоби исломӣ буд, ки нафаси низоми султаи Амрико ва режими саҳюнистиро гирифта буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобити умумии артиш, сарлашкар Сайид Абдураҳими Мӯсавӣ дар маросими рӯнамоӣ аз ёдмони бемористони саҳройии Чунона дар устони Хузистони ҷанубу ғарби Эрон гуфт : Шаҳидон ситораҳои дурахшон уммат ҳастанд, ки роҳ гум нашавад ва ҳар кадом дар вижагиҳо барҷастатаранд .

Сарлашкар Мӯсавӣ афзуд : Шаҳид сардор Қосими Сулаймонӣ дар ихлос, шаҳид Мансури Сатторӣ дар бунбастшиканӣ ва шуҳадои дигар бо вижагиҳое ҳастанд, ки бо номи осмонишон пайванд хурдааст.
Фармондеҳи кулли артиш ҳамчунин гуфт : Шуҳадо дар роҳи Худо ва аҳдофи худоӣ  истиқомат карданд ва бо ҳеҷ монеъу мушкилӣ по пас нагузоштанд, муваффақиятҳои бузурге дар даврони ҳаёташон ба даст овараданд ва бо хуни худ роҳро барои ҳаракати уммат ҳамвортар карданд .

Мӯсавӣ хотирнишон кард : Агар имрӯз қитъа, ҳавопаймо, мӯшаку таҷҳизоти хос месозем ва пешрафт мекунем ба хотири каломи маънавии ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) буд, ки фармуданд : « Мо метавонем » .

 

Барчасп